Қаҳрамони ваксинатсия
Садоқати Дилбар Ҳалимова ба иммунизатсияи кӯдакон ҷиҳати солим ва эмин нигоҳ доштани чандин насли кӯдакон дар Тоҷикистон кӯмак расонидааст.
“Аксарияти волидон маро мешиносанд, зеро ман ҳамаи кӯдакони баъзе оилаҳоро иммунизатсия кардаам...”
Барои ваксинатори содиқ Дилбар Ҳалимова, ки зиёда аз 28 сол дар яке аз марказҳои саломатии шаҳри Душанбе таҷрибаи фаъолият дорад, як субҳи муқаррарии рӯзи душанбе аст. Ҳар 10-15 дақиқа дари утоқи ӯро оҳиста мекӯбанд ва модарон бо ҳаяҷон фарзандони хурдсолашонро дохили утоқи иммунизатсия меоваранд. Дар чашмони баъзеи онҳо каме тарс дида мешавад, аммо боқимонда бошад Дилбарро гарм истиқбол мегирад.
Дилбар малакаи нарму нозук гузаронидани ваксинаро дорад, ки амалро барои кӯдакон тоқатпазир ва осон мекунад. “Аксари волидон маро мешиносанд, зеро ман ҳамаи кӯдакони баъзе оилаҳоро иммунизатсия кардаам”, -тазаккур дод Дилбар. Ҳамарӯза Дилбар Ҳалимова ба кӯдакони аз синни 2-моҳа то 16-сола ваксина мегузаронад. Инчунин, ӯ ба волидон маълумот пешкаш карда, сатҳи огоҳии онҳоро баланд мебардорад.
Дилбар зодаи шаҳри Ваҳдат буда, солҳои 1990 барои омӯхтани тиб ба шаҳри Душанбе омадааст.
“Аз хурдсолӣ ба ман тиб писанд буд. Дар хотир дорам, ки Донишгоҳи Омӯзгориро дар соли аввал тарки таҳсил кардам, зеро ба ҷӯз тиб дигар пешае ба ман писанд набуд. Як сол баъд ман ба факултети тиббӣ дохил шудам ва онро соли 1996 хатм кардам. Аз он замон ин ҷониб ба кӯдакон ваксина мегузаронам.”
Тартибе, ки ҳаёти кӯдаконро наҷот медиҳад.
Рӯзи кории Дилбар соати 8 субҳ бо омодагӣ барои қабули кӯдакон ба иммунизатсия оғоз меёбад. Вазифаи аввали Дилбар ин тоза кардани утоқи иммунизатсия мебошад. Баъд ӯ ҳарорати яхдонро месанҷад, то ин ки аз шароити муносиби нигоҳдории ваксинаҳои наҷотдиҳанда боварӣ ҳосил намояд. Дилбар аз аҳамияти ҳар як дараҷаи ҳарорат хуб огоҳ аст.
“Қабл аз омадан ба утоқи иммунизатсия аввал табибони оилавӣ кӯдаконро муоина мекунанд. Вазн, қад ва ҳарорати бадани онҳоро месанҷанд. Ва агар кӯдак худро нағз ҳис кунад барои иммунизатсия иҷозат медиҳанд. Иммунизатсияҳо тибқи “Тақвими миллии иммунизатсияи” Тоҷикитсон ба нақша гирифта шудаанд,”- шарҳ медиҳад Дилбар.
Ба волидоне, ки нисбати ваксинаҳо дудилагӣ доранд Дилбар аз таҷрибаи худ нақл мекунад. Ӯ ба волидон мефаҳмонад, ки ваксинаҳо барои қавӣ кардани масунияти фарзандони онҳо кӯмак расонида, инчунин кӯдакони аторофи онҳоро аз аксари бемориҳои марговар ҳифз мекунанд.
Раҳимов Аҳадҷони 12-моҳа навакак ваксинаи АКДС-ро гирифта, дар дасти Дилбар табассум мекунад. Ҳар як ваксинае, ки Аҳадҷон мегирад, дар шиносномаи иммунизатсия сабт мешавад.
Маълумоти бардурӯғ дар Интернет душмани ашаддии ваксинаторҳо мебошад.
Ба қавли Дилбар фарогирӣ бо иммунизатсия дар шаҳри Душанбе муътадил ва баланд мебошад, аммо баъзе вақт волидон ба далели шунидани маълумоти бардурӯғ аз иммунизатсияи фарзандонашон худдорӣ мекунанд.
“Баъзе волидон аз Интернет ва дигар манбаъҳои беэътимод дар бораи ваксинаҳо маълумоти бардурӯғ мегиранд. Аммо, ман аз онҳо хоҳиш мекунам, ки бо табибони оилавии муассисаи мо ҳамсуҳбат шаванд. Табибон метавонанд дар бораи ваксинаҳо ба онҳо маълумоти илмӣ ва далелҳоро пешкаш намоянд,” – қайд намуд Дилбар.
Инчунин, Дилбар мегӯяд ки дар чунин суҳбатҳо на танҳо табиби оилавӣ иштирок мекунад, дар ҳолати зарурӣ сардухтури маркази саломати низ метавонад ба волидон маслиҳат пешниҳод намояд.
Дилбар илова кард, ки чанд сол қабл дар замони фаъолият дар Беморхонаи бемориҳои сироятӣ, дар шуъбаи фалаҷ ӯ кӯдакони дучори ин бемориро мушоҳида мекард. “Хушбахтона, он давраҳо кайҳо паси сар шуданд ва ман дигар кӯдаконро дар чунин ҳолат намебинам, зеро ки акнун волидон фарзандони худро бар зидди бемории фалаҷ иммунизатсия мекунанд. Онҳо иммунизатсия мекунанд, зеро ки аз хатари бемории фалаҷ барои кӯдакон ва фоидаи ваксина огоҳ мебошанд.” – шарҳ дод Дилбар.
Паём ба волидон.
Ҳангоми аз утоқи иммунизатсия берун рафтани волидон ва кӯдакон дар лабони Дилбар табассум ҳувайдо мегардад. Дарки он, ки барои қавӣ ба воя расидани боз як кӯдак ӯ кӯмак расонидааст, барои Дилбар тасдиқи интихоби дурусти касб мебошад. Воқеан, ӯ қаҳрамони ваксинаҳо мебошад.
“Ба волидоне, ки дудилаанд мехоҳам паёмамро такрор кунам. Ваксинаҳо муҳофизати беҳтарини фарзандони шумо мебошанд. Онҳо кӯдаконро аз бисёр бемориҳо наҷот дода, атрофиёни онҳоро эмин нигоҳ медоранд,” – Дилбар паёмашро ба волидон ироа намуд.