Изҳороти Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Артур ван Дизен
Оғози Ҳафтаи Ҷаҳонии Иммунизатзия
- Дастрас аст ба:
- English
- Тоҷикӣ
Меҳмонони гиромӣ, хонумон ва ҷанобон.
Аввалан, ифтитоҳи чорабиниро барои ҳама таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо оғози Ҳафтаи Ҷаҳонии Иммунизатсияро муборакбод мегӯям.
Соли 2024 мо 50-солагии Барномаи Васеи Иммунизатсияро ҷашн мегирем. Ин марҳила тӯли панҷоҳ сол уҳдадории ҳифзи кӯдаконро аз бемориҳои бо ваксина пешгиришаванда дар саросари ҷаҳон дар бар мегирад. Аз лаҳзаи таъсиси худ дар соли 1974, Барномаи Иммунизатсия чароғи умеде гардид, ки ҳаёти нафарони бешуморро наҷот дода, сатҳи беморӣ ва фавтро кам намуд, инчунин саломатӣ ва некӯаҳволии ҷомеаҳоро дар саросари ҷаҳон беҳтар гардонид.
Мо имрӯз ин ҷо ҷамъ омадаем, то дар доираи мавзӯи имсола “Барои инсон имконпазир”, оид ба талошҳои дастаҷамъонаи хеш - кори хастанопазири кормандони соҳаи тандурустӣ, дастгирии доимии ҳукуматҳои миллӣ дар саросари ҷаҳон ва саъю кӯшиши муштараки шарикони рушд ибрози назар намоем. Дар якҷоягӣ мо мекӯшем, то ҳар як кӯдак, новобаста аз шароити худ, ба ваксинаҳои наҷотбахш дастрасӣ дошта бошад.
Ваксинатсия асоси солимии кӯдакон буда, сипари муҳофизатиест зидди бемориҳои сершумори пешгиришаванда.
Ман метавонам воқеаҳои зиёдеро дар бораи он нақл кунам, ки чӣ гуна ваксинаҳо ҳаёти кӯдаконро дар Тоҷикистон наҷот додаанд. Яке аз чунин ҳолатҳо, ки воқеан бароям пуртаъсир мебошад, ин қиссаи дугоникҳо Фотима ва Зуҳрои дусола аст, ки ҳангоми хуруҷи пандемияи COVID - 19 соли 2021 ваксинаи зидди бемории фалаҷро гирифта буданд. Бешубҳа ин тадбир барои кӯдакон наҷотбахш буда, онҳоро аз таъсири харобиовари сирояти вируси фалаҷ муҳофизат кардааст. Ҳоло онҳо хушбахту солим мебошанд ва ба таври мӯътадил рушду инкишоф менамоянд.
Соли 1990 дар Тоҷикистон сатҳи фавти кӯдакони то 5-сола баланд буд ва 105 фавт аз 1000 зиндатаваллуд ба қайд гирифта шуда буд. То соли 2017, махсусан ба шарофати ваксинатсия, ин нишондиҳанда ба таври назаррас коҳиш ёфта, 34 фавт аз 1000 зиндатаваллудро дар бар гирифт. Дар давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон дар самти иммунизатсия кӯдакон ба муваффақиятҳои бузург ноил шудааст. Дар соли 2023 зиёда аз 96% (фоизи) кӯдакони то 12 моҳа иммунизатсия карда шуданд.
Ҳамин тариқ, ваксинаҳо на танҳо ҳаётро наҷот медиҳанд, балки ба рушду нумӯъ ва солимии умумии ҷомеаҳои мо низ мусоидат мекунанд. Имрӯз мо аз байн бурдани бемории нағзак, ғалаба бар бемории фалаҷ ва коҳиш ёфтани назарраси фавти кӯдаконро ҷашн гирифта истодаем, ки ин ҳама ба шарофати ӯҳдадории ҳукумат оид ба Барномаи Васеи Иммунизатсия (EPI) дар тӯли даҳсолаҳо имконпазир гардидааст. Дар се соли охир мо хуруҷи бемории фалаҷи атфол ва сурхакро бомуваффақият қатъ намудем. Сатҳи баланди фарогирии ваксинатсия бар зидди COVID-19 барои муборизаи саривақтии пандемия дар Тоҷикистон саҳми беандоза гузошт.
Аз ин рӯ, иҷозат диҳед миннатдории беандоза ва эхтироми худро ба ҳамаи мутахассисони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон, ҳамшираҳо/бародарони шафқат ва ваксинаторҳо бо дастгирии содиқонаи сохторҳои давлатӣ ва ҳамкории самаранок бо шарикони рушд, аз ҷумла ЮНИСЕФ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, GAVI (Иттиҳоди глобалии иммунизатсия), Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Ҷопон ва Бонки Ҷаҳонӣ, баён намоям.
Аммо, сарфи назар аз пешрафти мо, мушкилот ва камбудиҳои марбут ба фарогирии иммунизатсия ҳанӯз ҳам боқиянд. Бо дарназардошти сатҳи баланди дудилагӣ нисбати ваксинаҳо дар саросари ҷаҳон, хавфи доимии маҳрум мондани кӯдакони сершумор аз ваксинатсия вуҷуд дорад.
Дудилагии ҷомеа нисбати ваксинаҳо, ба хусус дар шаҳрҳо, маҳдудиятҳои логистикӣ ва инфрасохтори нокифоя ин мушкилотро боз ҳам печидатар мекунад ва ҳамзамон зарурати фаврии андешидани чораҳои минбаъда ва афзоиши маъракаҳоро барои пешбурди тағирёбии рафтори мусбӣ ва рафъи дудилагии ваксина дар байни волидон ва парасторон, таъкид мекунад.
Илова бар ин, мо бояд минбаъд низ хуруҷи нави COVID-19 ва пандемияҳои эҳтимолии навро дар Тоҷикистон бодиққат назорат карда, ҷиҳати муқовимат ба он бохабар ва омода бошем. Ваксинаҳо як воситаи таъсирбахш дар ин самт бо имкониятҳои пайваста васеъ кардани шароит дар тақвими миллии ваксинатсия барои аҳолӣ мавҷудбуда, бо ваксинаҳои мавҷудаи собитшуда ба монанди Covid-19 ё ваксинаҳои “нав” ба монанди ваксинаи зидди вируси папилломаи одам, боқӣ мемонанд.
Имрӯз ман ҳар яки шуморо даъват менамоям, ки биоед барои бартараф намудани ин камбудиҳо ва муҳофизату таҳкими барномаҳои мо оид ба иммунизатсия иқтидори худро муттаҳид созем. Биёед бори дигар уҳдадории худро оид ба таъмини дастрасии баробар ба ваксинаҳо барои ҳамаи кӯдакон, сарфи назар аз мавқеи ҷуғрофӣ ё вазъи иҷтимоию иқтисодии онҳо, тасдиқ намоем. Биёед ҷомеаҳоро ҷалб кунем, боварӣ ба вуҷуд оварем ва ба оилаҳо имконият диҳем, ки дар бораи ваксинатсия қарорҳои огоҳона қабул кунанд.
Чун мо Ҳафтаи Ҷаҳонии Иммунизатсияро ҷашн гирифта истодаем, биёед бори дигар садоқати худро ба ҷаҳоне, ки дар он ҳеҷ як кӯдак дар канор намемонад ва ваксинаҳо на танҳо имтиёз, балки ҳуқуқи бунёдӣ мебошанд, тасдиқ намоем.
Аз таваҷҷӯҳатон сипосгузорам.