Ваксинаҳо ҳаётро наҷот медиҳанд: тағирот барои наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кӯдакон
Ваксинаҳо дар Точикистон.
Ҳамагӣ панҷ даҳсола пеш, волидон интизор буданд, ки ҳадди аққал як кӯдак аз бемориҳои пешгиришаванда мефавтад, аммо ҳоло, ба шарофати ваксинаҳо ҳар як кӯдак имконият дорад.
24 апрел ЮНИСЕФ ва шарикони он 50-солагии оғози Барномаи асосии иммунизатсия (EPI) - ро ҷашн мегиранд, ки ба рафъи бемории гул, амалан аз байн бурдани фалаҷ ва ба таври назаррас коҳиш додани фавти кӯдакон дар саросари ҷаҳон беш аз 80 фоиз мусоидат кардааст.
Дар Тоҷикистон EPI тайи се даҳсолаи охир, аз замони ба даст овардани истиқлолияти кишвар фаъолият мекунад. Аксҳое, ки дар ин давра гирифта шудаанд, кори муҳимеро, ки ЮНИСЕФ, Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикон, аз қабили ТУТ, GAVI, Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, то ҳамаи кӯдакони кишвар ваксинаҳои зарурӣ гиранд ва солим бошанд.
Ваксинатори яке аз муассисаҳои тандурустии Душанбе тибқи Тақвими миллии иммунизатсия Тоҷикистон ваксинаи такрорӣ мегузаронад (2006).
Таъмини дастрасии тамоми кӯдакон ба ваксинаҳо дар Тоҷикистон аз замони истиқлолият.
EPI як ташаббуси ҳамаҷонибаи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки ба таъмини он нигаронида шудааст, ки кӯдакон ваксинаҳои заруриро барои муҳофизати онҳо аз бемориҳои пешгиришаванда гиранд. Дар доираи барнома диққат ҳам ба эмгузаронии банақшагирифташуда ва ҳам ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла COVID-19 равона мегардад. EPI дар Тоҷикистон як мудохилаи муҳими соҳаи тандурустӣ буда, аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар соли 1993, ҳаёти миллионҳо нафарро наҷот дод ва кӯдакони бешуморро аз бемориҳо ва маъюбӣ муҳофизат намуд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии шарикон роҳҳои зиёдеро барои фаро гирифтани тамоми кӯдакони Тоҷикистон, ҳатто дар минтақаҳои душвортарин ҷорӣ кардааст, оғоз аз маъракаҳои иммунизатсия дар хона то иммунизатсияи такрорӣ дар мактаб.
Модар писари 6-солаашро ҳангоми гирифтани ваксинаи зидди MMR (сурхча, менингит ва сурхакон) дар яке аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе тасаллӣ медиҳад (2006).
Хонандаи 16-солаи шаҳри Хоруғи ВМКБ ҳангоми маъракаи иммунизатсия аз ҷониби Вазорати тандурустии Тоҷикистон ваксинаи зидди ДК (дифтерия ва кузоз) гирифта истодааст (2012).
Ваксинаҳо ҳаёти миллионҳо нафарро дар Тоҷикистон наҷот доданд ва наҷот доданро идома медиҳанд.
Дар соли 1990 дар Тоҷикистон мизони фавти кӯдакони то 5-сола баланд буд, яъне 105 фавт ба 1000 кӯдаки зинда таваллудшуда. То соли 2017, ба шарофати EPI, ин нишондод ба таври назаррас коҳиш ёфт, то 34 фавт ба 1000 таваллуди зинда. Дар давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон дар самти иммунизатсияи кӯдакон ба муваффақиятҳои бузург ноил шудааст.
Дар соли 2017, 97 дарсади кӯдакони 12 то 24 моҳҳа ва 82 дарсади кӯдакони аз 24 то 35 моҳа тамоми ваксинаҳои заруриро гирифтанд. Дар панҷ соли охир кишвар ба ҷадвали иммунизатсияи миллии худ се ваксинаи дигар илова кард: IPV (вояи ғайрифаъолкардашуда зидди бемории фалаҷ), MMR (сурхча, менингит ва сурхакон) ва як ваксинаи зидди пневмококк.
Ин ваксинаҳо барои муҳофизат кардани кӯдакон аз бемориҳои вазнин ба монанди фалаҷ, пневмония ва менингит кӯмак мекунанд.
Ҳаёти шумо ва ҳатто ҳаёти волидонатон тавассути ваксинаҳо наҷот ёфтанд.
Дар тӯли чанд даҳсолаи охир тавассути тавсеаи EPI ва татбиқи ҷадвали миллии иммунизатсия миллионҳо кӯдакон дар Тоҷикистон аз бемориҳои пешгиришаванда ҳифз шуданд. Ваксинаҳо ҳар рӯз барои таъмини саломатӣ ва амнияти наслҳо дар Тоҷикистон мӯъҷизаҳо ба амал меоранд. Шумо ва волидони шумо яке аз онҳое ҳастед, ки аз чунин бемории марговар ва хатарнок ба мисли фалаҷ зинда мондаед!
Дар тӯли даҳ сол дар Тоҷикистон ягон ҳолати бемории фалаҷ ба қайд гирифта нашуда буд, аммо дар аввали соли 2021, вақте ки аввалин ҳолати фалаҷ ошкор шуд, вазъ тағйир ёфт. Дар моҳҳои минбаъда 34 кӯдак фалаҷ шуданд. ЮНИСЕФ ҳамчун шарики Ташаббуси умумиҷаҳонии барҳам додани бемории фалаҷ (GPEI) зуд вокуниш нишон дод. Ба Тоҷикистон 4,6 миллион вояи ваксинаи даҳонӣ бар зидди фалаҷ фиристода шуд ва дар ҳамкорӣ бо Ҳукумат маъракаи эмгузаронии оммавӣ оғоз ёфт, ки тамоми минтақаро фаро гирифт.
Ин ташаббус тақрибан 1,4 миллион кӯдакро фаро гирифт. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ эълон кард, ки ба ҳолати моҳи апрели соли 2022 фалаҷ дар кишвар дигар паҳн намешавад.
ЮНИСЕФ ва ТУТ дар моҳи майи соли 2021 4,6 миллион ваксинаи зидди фалаҷро интиқол доданд, то тақрибан 1,4 миллион кӯдаки то шашсоларо аз фалаҷ муҳофизат кунанд (2021).
Падар Намозқул ду духтараш Фотима ва Зӯҳроро дар даст дорад, ки соли 2021 дар маъракаи иммунизатсияи иловагӣ ҳангоми пандемияи COVID-19 ваксинаҳои зидди фалаҷ гирифтанд (2021).
Бобоҷони 2-моҳа дар маркази саломатии шаҳри Душанбе вояи дуюми ваксинаи зидди фалаҷ ро мегирад (2021).
Иммунизатсияи бефосила дар давраи COVID-19.
Дар давраи пандемияи COVID-19, ЮНИСЕФ дар дастгирии кӯшишҳои иммунизатсияи Тоҷикистон, ҳам барои иммунизатсияи нақшавӣ ва ҳам таъмини ваксинаҳои COVID-19 нақши муҳим бозид. Вақте ки ҳукумати Тоҷикистон маъракаи иммунизатсияи COVID-19-ро дар моҳи марти соли 2021 оғоз кард, ЮНИСЕФ барои интиқоли беш аз 13,3 миллион ваксинаҳои COVID-19 дар доираи COVAX ва дар тӯли солҳои 2020-2023 мусоидат кард. Тавассути ин талошҳо беш аз 70,9 дарсади аҳолии мавриди ҳадаф дар Тоҷикистон ду вояи ваксинаи зидди COVID-19 гирифтанд.
Дар авҷи пандемия, ЮНИСЕФ таъкид кард, ки иммунизатсияи нақшавӣ бояд то ҳадди имкон идома ёбад ва дастурҳои вокуниши маҳаллӣ ба COVID-19 риоя карда шаванд. Бо дастгирии ЮНИСЕФ ва ТУТ, тамоми чораҳои стандартии пешгирии сироят барои кам кардани хатари интиқоли COVID-19 ба кормандон ва ташрифоварандагони муассисаҳои тиббӣ андешида шуданд.
Марказҳои ҷамъиятии тандурустӣ ва кормандони соҳаи тиб маъракаи эмгузаронии Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон марказҳои ҷамъиятии тандурустӣ ва кормандони соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ дар баланд бардоштани сатҳи иммунизатсияи кӯдакон дар кишвар нақши муҳим доранд. Ба туфайли саъю кӯшиш ва ӯҳдадории онҳо фарогирии ваксина барои кӯдакони 24-35 моҳа дар деҳот 84 дарсад- ро ташкил медиҳад.
Аз сабаби пандемияи COVID-19, кормандони соҳаи тиб бояд аз нав андеша кунанд, ки чӣ гуна онҳо хадамоти иммунизатсияро ҳангоми бехатар нигоҳ доштани ҳама таъмин мекунанд. Ба шарофати заҳмати ин кормандони соҳаи тиб, омодагии шумораи зиёди парасторон барои иммунизатсияи фарзандони худ ва талошҳои ЮНИСЕФ ва шариконаш, илова ба талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон, оянда акнун дурахшонтар ба назар мерасад.
Дар Тоҷикистон ваксинаторҳо якчанд километр роҳро тай мекунанд, то ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла дар манотиқи дурдасттарини кишвар аз иммунизатсияи нақшавӣ гузаранд ва солим бошанд (2012).
Якҷоя кардани талошҳо барои таъмини ояндаи бехатари кӯдакон Дар Тоҷикистон.
Тоҷикистон тайи се даҳсолаи охир дар самти иммунизатсияи кӯдакон ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Кишвар фарогирии иимунизатсияро васеъ кард, ваксинаҳои нав ҷорӣ карда, бо шарикони байналмилалӣ ҳамкорӣ кард.
ЮНИСЕФ дар баробариТашкилоти УмумиҷаҳонииТандурустӣ (ТУТ) дар инталошҳо нақшикалидӣ дорад. Мо бо Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини ваксинаҳои баландсифат ва рафъи ҳама гуна мушкилоти марбут ба ваксинаҳо ҳамкории зич дорем. ТУТ ва ЮНИСЕФ инчунин дар мониторинги пешрафт тавассути баррасии гузоришҳои миллии фарогирии иимунизатсия кӯмак мекунанд.
Илова бар ин, мо бо ташаббусҳои умумиҷаҳонӣ, аз қабили Алянси Умумиҷаҳонии Ваксина ва Ташаббуси умумиҷаҳонии барҳам додани бемории фалаҷ барои дастгирии назорат, хариди ваксина, таҳкими иқтидор, иртиботот ва ҷалби ҷомеа дар Тоҷикистон шарик ҳастем.
Кӯшишҳои дастаҷамъонаи мо ба он равона шудаанд, ки ҳеҷ як кӯдак бе ваксинаҳои ҳаетан муҳим намонад ва ба беҳтар шудани саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон имрӯзу фардо мусоидат намояд.