Дар 50 соли охир талошҳои глобалӣ дар самти иммунизатсия ҳадди ақал 154 миллион нафарро наҷот додаанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO), ЮНИСЕФ, “GAVI” ва “Хазинаи Билл ва Мелинда Гейтс” бо мақсадаи тавсеаи барномаҳои иммунизатсия дар саросари ҷаҳон дар давоми Ҳафтаи ҷаҳонии иммунизатсия 2024 маъракаи таҳти унвони “Humanly Possible”-ро роҳандозӣ мекунанд.

29 Апрел 2024

24 апрели соли 2024 | Женева / Ню-Йорк / Сиэтл – Тибқи маълумоти тадқиқоти муҳиме, ки ҳафтаномаи тиббии “The Lancet” нашр шудааст, талошҳои ҷаҳонӣ дар самти иммунизатсия ҷони 154 миллион нафарро наҷот додаанд. Ин рақам баробар аст ба 6 нафар дар ҳар як дақиқаи ҳар 50 соли гузашта. Аксарияти кулли ин нафарон, яъне 101 миллиони онҳоро навзодон ташкил додаанд. 

Тадқиқоти таҳти роҳбарии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) нишон медиҳад, ки иммунизатсия тадбири муҳимтарини тиббӣ буда, барои таъмини саломатии кӯдакон саҳми калон мегузорад. Он имконият медиҳад, ки навзодон на камтар аз як сол умр дида ба давраи камолот бирасанд ва ҳаёти солим ба сар баранд.

Дар байни ваксинаҳое, ки мавриди омӯзиши тадқиқот қарор гирифтанд, барои коҳиши фавти навзодон иммунизатсия алайҳи сурхча таъсири зиёдтарин дошт. Ин нишондиҳанда ба 60% нафари наҷотёфта дар натиҷаи иммунизатсия баробар мебошад. Эҳтимол аст, ки дар оянда низ ваксинаи мазкур дар коҳиш додани фавт саҳми асосӣ хоҳад дошт.

Дар тӯли 50 соли охир иммунизатсия бар зидди 14 беморӣ (гулӯзиндонак, сирояти гемофилии навъи B, гепатити B, энсефалити ҷопонӣ, сурхча, менингити А, кабудсулфа, пневмококки таҳоҷумӣ, фалаҷ, ротавирус, гулафшон, кузоз, сил, табларзаи зард) барои 40% кам кардани фавти назодон дар саросари ҷаҳон, ва бештар аз 50% дар минтақаи Африқо саҳм гузоштааст.

“Ваксинаҳо яке аз ихтироъҳои пуриқтидортарин дар таърих буда, бемориҳои замоне даҳшатнок бударо акнун пешгиришаванда кардаанд,”- тазаккур дод Директори генералии WHO доктор Тедрос Аданом Гебрейесус. “Ба шарофати ваксинаҳо нағзак маҳв карда шуд ва фалаҷ дар арафаи нобудшавӣ аст. Инчунин пешрафтҳои тозатарин дар таҳияи ваксинаҳо алайҳи вараҷа ва саратони гарданаки бачадон аз дастовардҳои мо дар мубориза бо ин бемориҳо мебошанд. Тавассути идомаи тадқиқот, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ, мо метавонем имрӯз ва дар тӯли 50 соли оянда миллионҳо нафари дигарро наҷот диҳем.”

Тадқиқот нишон дод, ки дар баробари ҳар як нафари бо иммунизатсия наҷотёфта, ба ҳисоби миёна 66 соли саломатии мукаммал ба даст оварда шуд. Барои 50 соли охир дар маҷмӯъ ин рақам баробар аст ба 10.2 миллиард соли саломатии мукаммал. Иммунизатсия бар зидди фалаҷ имконият дод, ки зиёда аз 20 миллион нафар имрӯз роҳ раванд. Дар акси ҳол онҳо метавонистанд гирифтори бемории фалаҷ гарданд. Илова бар ин, ҷаҳон имрӯз ба пурра маҳв кардани бемории фалаҷ наздик аст. 

Ин дастовардҳо дар ҷоддаи зиндамонии кӯдакон таъкид мекунанд, ки ҳифзи пешрафти иммунизатсия дар ҳар як кишвари ҷаҳон ва суръат бахшидан ба талошҳо ҷиҳати фаро гирифтани 67 миллион кӯдак, ки як ё зиёда ваксинаро дар давоми солҳои пандемия нагирифта буданд, аҳамияти калон дорад.

Кӯшишҳои азим ҷиҳати тавсеаи дастрасӣ ба ваксинаҳо дар тӯли 50 соли охир

Тадқиқоти зикршуда, ки қабл аз таҷлили 50-солагии “Барномаи васеи иммунизатсия (EPI)” дар моҳи майи соли 2024 нашр шудааст, таҳлили ҳамаҷонибаи таъсири барнома ба саломатӣ дар ҷаҳон ва минтақаҳо дар тӯли 50 соли охир мебошад.

Барномаи мазкур соли 1974 аз ҷониби Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустии таъсис ёфтааст ва ҳадафи аслии он иммунизатсияи тамоми кӯдакон аз гулӯзиндонак, сурхча, кабудсулфа, фалаҷ, кузоз, сил ва нағзак буд. Нағзак ягона бемории инсонӣ мебошад, ки пурра маҳв карда шудааст. Имрӯз, барнома “Барномаи зарурии иммунизатсия” номида мешавад ва тавсияҳои заруриро барои иммунизатсия бар зидди 13 беморӣ, инчунин тавсияҳои мутобиқ ба шароит барои 17 бемории дигарро дар бар гирифта, фарогирии иммунизатсияро аз кӯдакон ба наврасону калонсолон васеътар мекунад.

Дар тадқиқот таъкид карда шудааст, ки замони роҳандозии EPI камтар аз 5% навзодон дар саросари ҷаҳон бо иммунизатсияи нақшавӣ фаро гирифта мешуданд. Имрӯз бошад 84% навзодон тавассути 3 вояи ваксинаи зидди гулӯзиндонак, кузоз ва кабудсулфа (DTP) муҳофизат шудаанд, ки нишонаи фарогирии глобалии иммунизатсия мебошад.

Аз байни 154 миллион нафари наҷотёфта аз соли 1974 ин ҷониб, тақрибан 94 миллиони онҳоро ваксинаҳои зидди сурхча наҷот додаанд. Бо вуҷуди ин, 33 миллион кӯдак аз вояи ваксинаи зидди сурхча дар соли 2022 бенасиб мондаанд: тақрибан 22 миллион вояи якумро ва 11 миллиони боқимонда вояи дуюмро нагирифтанд.

Барои муҳофизати аҳолӣ аз хуруҷи беморӣ фарогирии на камтар аз 95% бо ваксинаи зидди сурхча зарур аст. Дар айни замон сатҳи фарогирӣ бо вояи якуми ин ваксина ба 83% баробар аст ва вояи дуюм ба 74%, ки ин яке аз сабабҳои хуруҷҳои зиёд дар саросари ҷаҳон гардидааст.

Барои тавсеаи фарогирӣ бо иммунизатсия, ЮНИСЕФ ҳамчун яке аз калонтарин харидорони ваксинаҳо дар ҷаҳон, зиёда аз 2 миллиард вояро барои дастрас кардан ба қариб нисфи кӯдакони ҷаҳон, ҳамасола аз номи кишварҳо ва шарикон харидорӣ мекунад. Ташкилоти мазкур инчунин барои ба нуқтаи ниҳоӣ расонидани ваксинаҳо талош варзида, дастрасии аҳолии дурдасттарин ва маҳрумшударо ба иммунизатсия таъмин мекунад. 

“Ба шарофати ваксинаҳо теъдоди бештари кӯдакон дар таърихи башар акнун баъд аз синни 5-солагӣ зинда мемонанд,” - гуфт Директори иҷроияи ЮНИСЕФ Кэтрин Рассел. “Ин дастоварди бузург бо саъю кӯшиши якҷояи ҳуқуматҳо, шарикон, олимон, кормандони тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, волонтёрон ва худи волидон, ки барои эмин нигоҳ доштани кӯдакон аз бемориҳои марговар якҷоя талош варзиданд, муяссар гардид. Мо бояд ин фурсатро идома бахшида, дастрасии ҳар як кӯдакро, новобаста аз макони зист, ба ваксинаҳои наҷотбахш таъмин кунем.”

Дар соли 2000 GAVI - Эътилоф барои ваксинаҳо, ки ба он WHO, ЮНИСЕФ ва “Хазинаи Билл ва Мелинда Гейтс” (BMGF) ҳамчун аъзоёни асосии муассис шомил мебошанд, барои тавсеаи таъсири барномаи EPI ва кӯмак ба кишварҳои камбизоаттарин таъсис дода шуд, то ин ки фарогирӣ дар ҷаҳон зиёд карда шавад, фоида аз ваксинаҳои нави наҷотбахш, ва муҳофизати кӯдакон аз бемориҳои бо ваксинаҳо пешгиришаванда беҳтар карда шавад. Тадбири мазкур сабаби ҷоннок шудани талошҳо дар минтақаҳои осебпазиртарини ҷаҳон гардид, одамони бештарро наҷот дод ва баробарии дастрасӣ ба ваксинаҳоро тарғибу ташвиқ намуд. GAVI, ки барои муҳофизати як насли кӯдакон кӯмак расонидааст, акнун ваксинаҳоро бар зидди 20 бемории сироятӣ пешкаш мекунад. Аз ҷумла ваксинаи зидди вируси папилломаи инсон (HPV) ва ваксинаҳо алайҳи хуруҷи сурхча, вабо, табларзаи зард, эбола ва менингит.

“GAVI барои таҳкими шарикӣ ва идомаи пешрафти EPI таъсис ёфта, таваҷҷуҳро ба ҳифзи кӯдакони осебпазиртарин дар саросари ҷаҳон бештар кард,” - гуфт доктор Саниа Ништар, Директори генералии GAVI - Эътилоф барои ваксинаҳо. “Дар муддати каме зиёда аз 20 сол мо шоҳиди пешрафти беназир гардидаем, ки он боиси наҷоти зиёда аз як миллиард кӯдак, кам шудани фавти кӯдакон ва ба даст овардани суди иқтисодӣ дар андозаи миллиардҳо гардидааст. Барои таъмини ҳаққи баробари ҳамагон ба ояндаи солим, новобаста як ҷои таваллуд ваксинаҳо дар воқеъ сармояи беҳтарини мо мебошанд. Барои пойдор будани ин пешрафт мо бояд кӯшиш кунем, ки маблағгузории пурра таъмин карда шавад ва барои ҳалли мушкилоти марбут ба барномаҳои иммунизатсия ба кишварҳо ёрӣ расонида шавад.”

Барномаҳои иммунизатсия асоси хизматрасониҳои заминавии тиббӣ дар ҷамоатҳо ва кишварҳо гардидаанд, зеро ки фарогирии васеъ ва дур доранд. Онҳо на танҳо барои иммунизатсия имконият фароҳам меоваранд, балки дигар амалҳои наҷотбахшро низ имконпазир менамоянд. Аз ҷумла кӯмак бо ғизо, пешгирии кузози модарон, ташхиси бемориҳо ва тақсими дурусти катҳо барои ҳифзи оилаҳо аз бемориҳои мисли вараҷа.

Азбаски тадқиқот танҳо таъсири ваксинаҳои зидди 14 бемориро фаро гирифт, теъдоди нафарони ба шарофати ваксинаҳо наҷотёфта тахмини ҳадди аққал мебошад ва таъсири пурраи ваксинаҳоро барои наҷоти аҳолӣ ба инобат нагирифтааст. Таъсирҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва таълимӣ ба саломатӣ ва некӯаҳволӣ дар тӯли зиёда аз 50 сол инчунин барои боз ҳам коҳиш додани фавт саҳм гузоштааст. Имрӯз, барои муҳофизат аз зиёда аз 30 бемории ба ҳаёт таҳдидкунанда ваксинаҳо вуҷуд доранд.

Дар ҳоле, ки ваксинаи зидди вируси папилломаи инсон (HPV), ки калонсолонро аз саратони гарданаки бачадон ҳифз мекунад, дар тадқиқот ба инобат гирифта нашуда буд, интизор меравад ки ин ваксина теъдоди зиёди одамонро дар саросари ҷаҳон аз марг наҷот додааст ва барои расидан ба ҳадафи нест кардани ин навъи саратон то соли 2030 мусоидат кардааст. Роҳандозии ваксинаҳои нав аз қабили бар зидди вараҷа, COVID-19, вируси роҳҳои нафас (RSV) ва менингит, инчунин вабо ва эбола, ки дар давоми хуруҷ истифода шудаанд, барои дар тӯли 50 соли оянда наҷот додани одамон кӯмак мерасонанд.

Наҷоти миллионҳо нафари дигар имконпазир аст (“Humanly Possible”)

Барномаҳои ҷаҳонии иммунизатсия нишон додаанд, ки вақте ки ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла сарони давлатҳо, агентиҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии тандурустӣ, олимон, созмонҳои хайрия, агентиҳои мададрасон, корхонаҳо ва ҷомаеҳо якҷоя фаъолият менамоянд, чӣ гуна дастовардҳо имконпазир мешаванд.

Имрӯз барои таҷлили Ҳафтаи ҷаҳонии иммунизатия (24 апрел - 30 апрели 2024) WHO, ЮНИСЕФ, GAVI ва BMGF маъракаи муштаракро таҳти унвони “Humanly Possible” роҳандозӣ мекунанд. Маъракаи иртиботии сатҳи ҷаҳонӣ роҳбаронро даъват мекунад, ки барномаҳои иммунизатсияро ки маводҳои наҷотбахшро таъмин мекунанд, дастгирӣ ва маблағгузорӣ намоянд. Бо ин васила роҳбарон садоқати худро ба саломатии ҷомеа тасдиқ карда, ба яке аз дастовардҳои бузургтарини инсоният арҷ мегузоранд. Барои 50 соли ояндаи EPI на танҳо фарогирии кӯдакони маҳрумшуда бо ваксинҳо, инчунин ҳифзи пиронсолон аз зуком, модарон аз кузоз, наврасон аз вируси папилломаи инсон (HPV), ва ҳамагон аз сил ва дигар бемориҳои зиёди сироятӣ зарур мебошад.

“Дидани фоидаи ваксинаҳо дар давоми 50 соли охир илҳомбахш аст. Ба шарофати талошҳои доимии ҳукуматҳо, шарикони ҷаҳонӣ ва корманди тиб ваксинаҳо барои теъдоди бештари одамон дастрас гардиданд,” – гуфт доктор Крис Элиас, президенти соҳаи Рушди Глобалии Хазинаи Билл ва Мелинда Гейтс. “Мо наметавонем ин пешрафти арзишмандро бар бод диҳем. Тавассути идомаи сармоягузорӣ ба иммунизатсия мо метавонем барои ҳар як кӯдак ва шахс имконияти ҳаёти солим ва пурсамарро фароҳам оварем.”

****

Маълумот барои муҳаррирон

Тадиққотро мутолиа намоед, “Саҳми иммунизатсия барои такмили зиндамонии кӯдакон: моделсозии 50 соли Барномаи васеи иммунизатсия, барои чоп дар “The Lancet” санаи 22 апрели 2024 қабул шудааст.

Барои маълумоти бештар дар бораи Ҳафтаи ҷаҳонии иммунизатсияи WHO дар соли 2024 гузаред ба World Immunization Week 2024 (who.int) ва маъракаи “Humanly Possible”, http://itshumanlypossible.org

Тасвиру наворҳои кӯтоҳро аз инҷо гиред.

Дар бораи додаҳо

Таҳлили таъсири Барномаи васеи иммунизатсия аз соли 1974 то 2024 таҳти роҳбарии WHO сурат гирифт ва муҳаққиқони Донишгоҳи Базел, ширкати “Safinea Ltd”, Донишгоҳи Вашингтон, ташкилоти ҷамъиятии “KidRisk Inc.”, Донишгоҳи штати Пенсилвания, Донишгоҳи пизишкии беҳдошт ва тропикии Лондон, Донишоҳи Кейптаун, Коллеҷи шоҳии Лондон, Консорсиуми моделсозии таъсири ваксинаҳо, ва Институти ченкунӣ ва арзёбии вазъи саломатӣ дар он саҳм гузоштаанд. Дар ин таҳлил таъсири ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба саломатӣ аз ҷониби 14 ваксинаи зерин фаро гирифта шудааст: гулӯзиндонак, сирояти гемофилии навъи B, гепатити B, энсефалити ҷопонӣ, сурхча, менингити А, кабудсулфа, пневмококки таҳоҷумӣ, фалаҷ, ротавирус, гулафшон, кузоз, сил ва табларзаи зард.

Дар бораи WHO

Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ба саломатӣ ва некӯаҳволии тамоми одамон содиқ буда, роҳнамои он илм мебошад ва пешсафи талошҳои ҷаҳонӣ ҷиҳатӣ таъмини имконияти баробар ба ҳамагон ва дар ҳама ҷой барои ҳаёти амн ва солим аст. Мо як агентии СММ барои тандурустӣ буда, кишварҳо, шарикон ва аҳолиро дар сафҳои пеши зиёда аз 150 минтақа пайваста, вокуниши ҷаҳонро ба буҳронҳои тандурустӣ, пешгирии бемориҳо, ҳалли сабабҳои асосӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба доруворӣ ва кӯмаки тиббӣ, роҳбарӣ мекунем. Росолати мо ин тарғибу ташвиқи саломатӣ, амн нигоҳ доштани ҷаҳон ва хизматрасонӣ ба одамони осебпазир мебошад. www.who.int

Дар бораи GAVI – Эътилоф барои ваксинаҳо

GAVI – Эътилоф барои ваксинаҳо як шарикии давлат бо бахши хусусӣ мебошад, ки барои иммунизатсяи зиёда аз нисфи кӯдакони ҷаҳон аз баъзе бемориҳои хатарноктарин кӯмак мерасонад. Аз замони таъсисёбӣ дар соли 2000 GAVI барои иммунизатсияи зиёда аз 1 миллиард кӯдак кӯмак расонидааст ва зиёда аз 17.3 миллион фавтро пешгирӣ карда, сатҳи фавти кӯдаконро дар 78 кишвари дорои даромади паст ду баробар паст намудааст. Инчунин GAVI нақши калидиро дар такмили тандурустии ҷаҳонӣ тавассути кӯмак ба низомҳои тандурустӣ ва маблағгузорӣ ба захираи ваксинаҳои бар зидди эбола, вабо, менингит ва табларзаи зард, мебозад. Баъд аз 20 соли пешрафт айни замон таваҷҷуҳи GAVI ба ҳифзи насли оянда ва аз ҳама муҳимтар кӯдаконе, ки то ҳол ягон ваксина нагирифтаанд, нигаронида шудааст. Дар Эътилоф барои ваксинаҳо молияи инноватсионӣ ва технологияи навтарин, аз дронҳо то маълумоти биометрикӣ истифода мешаванд. Ин ҳама дар якҷоягӣ одамонро наҷот дода, хуруҷҳоро пешгирӣ менамояд ва барои худбасанда шудани кишварҳо кӯмак мерасонад. Маълумоти бештарро аз саҳифаҳои зерин пайдо намоед: www.gavi.org , Facebook ва Twitter.

Дар бораи “Хазинаи Билл ва Мелинда Гейтс”

Хазинаи Билл ва Мелинда Гейтс дар асоси эътиқоди арзиши баробар доштани ҳар як инсон фаъолият намуда, ҷиҳати кӯмак барои ҳамагон баҳри ба сар бурдани ҳаёти солим ва пурсамар фаъолият менамояд. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ диққати хазинаи мазкур нигаронида шудааст ба такмили саломатии одамон ва тақдими имконият барои берун омадан аз гуруснагӣ ва фақр. Дар Иёлоти муттаҳидаи Америка хазина кӯшиш мекунад, ки ҳамагон махсусан камбизоатон барои муваффақ шудани дар зиндагӣ имконият пайдо намоянд. Хазина дар шаҳри Сиэтли иёлоти Вашингтон ҷойгир шудааст ва Директори генералии он Марк Сузман, таҳти раёсати ҳаммуассисон Билл Гейтс ва Мелинда Френч Гейтс ва шӯрои сарпарастон фаъолият менамояд.

Тамос барои воситаҳои ахбори омма

Гуруҳии ТУТ барои кор бо ВАО: mediainquiries@who.int

Сара Алхаттаб, ЮНИСЕФ, Ню-Йорк, Тел: +1 917 957 6536, salhattab@unicef.org

Мег Шарафуддин, GAVI, msharafudeen@gavi.org +41 79 711 5554

Сиру Кариуки, GAVI, ckariuki@gavi.org +41 79 913 9441

Хазинаи Билл ва Мелинда Гейтс: media@gatesfoundation.org 

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртиботи рақамӣ
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: ufazylova@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар маконҳои душвортарини ҷаҳон ҷиҳати фаро гирифтани кӯдакони аз ҳама осебпазир фаъолият менамояд. Мо дар зиёда аз 190 минтақа ва кишвар барои ҳар як кӯдак ва эҷоди ҷаҳони беҳтар барои ҳамагон кор мекунем. Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолитяи ташкилот гузаред ба: www.unicef.org

Саҳифаҳои ЮНИСЕФ дар: TwitterFacebookInstagram ва YouTube.