ЮНИСЕФ Сафармуҳаммад Қодириро ба ҳайси нахустин Сафири иродаи некии худ дар Тоҷикистон таъин кард

15 Феврал 2024
people standing with their arms raised
UNICEF/Tajikistan/2024/M.Ruziev

Душанбе, 15 феврали соли 2024 - ЮНИСЕФ имрӯз дар рафти як нишасти матбуотӣ ва маросими расмӣ оиди таъиноти Сафармуҳаммад Қодирӣ ба ҳайси нахустин Сафири иродаи некии худ дар Тоҷикистон эълон кард.

Таъин гардидани Сафармудаммад Қодирӣ ба ҳайси Сафири иродаии некии ЮНИСЕФ дар натиҷаи ҳамкориҳои фаъол ва майлу рағбату ӯ дар се соли охир ҷиҳати пешбурди ҳуқуқи кӯдакон дар кишвар, аз ҷумла садои ҷавонон сурат гирифт. Сафармуҳаммад Қодирӣ сароянда ва навозандаи боистеъдод мебошад, ки истеъдод ва майлу садоқати шахсиаш ӯро шоёни пайравӣ барои ҷавонони тоҷик намудаанд.

Дар нақши нави худ аз номи ЮНИСЕФ, ҷаноби Қодирӣ дар паҳн намудани овози кӯдакон ва ҷавонони осебпазиртарин ва расонидани ниёзҳои онҳо ба таваҷҷӯҳи тамоми ҷонибҳои манфиатдори кишвар мусоидат хоҳад кард.

“Таъин гардидани Сафармуҳаммад Қодирӣ ба ҳайси Сафири иродаи некии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон натиҷаи ҳамкории мо дар тӯли чандин солҳо мебошад.- иброз намуд Роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен. - Сафармуҳаммад ҳамчун Сафири иродаии некии барои паҳн намудани паёмҳои муҳим ба кӯдакон ва ҷавонони Тоҷикистон ва инчунин расонидани нигарониҳо ва андешаҳои онҳо ба шахсони қарорқабулкунандаи кишвар дар мавқеи қавӣ қарор дорад. Мо боварии комил дорем, ки Сафармуҳаммад Қодирӣ дар ин нақши нав дар ҳаёти кӯдакон саҳми арзанда хоҳад гузошт”.

 

Сафармуҳаммад бори аввал бо ЮНИСЕФ дар соли 2020 ҳангоми хуруҷи COVID-19 ҳамкорӣ кард ва ба #SafeHandsChallenge ҳамроҳ шуда, тавассути платформаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн кардани паёмҳои бехатарӣ мусоидат намуд. Соли 2021 дар доираи лоиҳаи “Инфлюенсери махсус”- ЮНИСЕФ, Сафармуҳаммад ба якчанд ноҳияи Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҷавонони паноҳҷӯи афғон вохӯрд, то масъалаҳои барояшон муҳимро муҳокима намуда, тариқи мусиқии худ изҳори нигаронӣ ва орзуҳои онҳоро дастгирӣ кунад. Дар соли 2022 Сафармуҳаммад тавассути ҳузури шахсии худ ҷиҳати боз ҳам машҳуру маълум намудани чорабиниҳои ЮНИСЕФ, аз қабили Форуми UPSHIFT, Форуми миллии волонтёрон ва ғайра мусоидат намуд. Соли 2023 ӯ дар як муколамае таҳти роҳбарии ҷавонон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкат варзид, то оид ба масъалаҳои солимии рӯҳӣ бо коршиносон, намояндагони ҳукумат ва беш аз 50 нафар ҷавонон муҳокима намуда, маҷмӯи паёмҳои асосиро дар шакли тавсияҳои ҷавонон расонад.

“Барои ман Сафири иродаи некии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон будан-ин даъват ба амал аст. Вақти он расидааст, ки амалҳои мо ва ҷавонон берун аз вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бароянд. Биёед фаъолона иштирок намоем, ҳимоят кунем ва ба ҳаёти кӯдакони кишвари худ ва кӯдакон дар саросари ҷаҳон таъсири воқеӣ гузорем.”

Сафирони иродаи некии ЮНИСЕФ чеҳраҳои шинохтатарин ба ҳисоб мераванд. Ҳамчун арбобони барҷаста аз олами санъат, мусиқӣ, филм, варзиш ва ғайра, онҳо дар равшан кардани мушкилоте, ки кӯдакон дар саросари ҷаҳон дучор мешаванд, нақши муҳим мебозанд. Сафирон ихтиёран вақти худро барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва сафарбар кардани дастгирӣ бахшида, ба ЮНИСЕФ барои фаро гирифтани кӯдакон ва ҷавонони камбизоаттарин бо кӯмаки наҷотбахш ва умед мусоидат мекунанд.

Тамос барои васоити ахбори омма

Умеда Фозилова
Мутахассис оид ба иртиботи рақамӣ
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992985420050
Почтаи электронӣ: ufazylova@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар тамоми фаъолияти худ ҳуқуқ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдакро пуштибонӣ мекунад. Дар якҷоягӣ бо шарикон, мо дар 190 кишвар ва минтақаи ҷаҳон барои дар амал татбиқ кардани ин уҳдадорӣ фаъолият менамоем. Дар ин раванд мо диққати махсусро ба кор бо кӯдакони аз ҳама осебпазир ва камбизоат равона карда, ба манфиати ҳамаи кӯдакон новобаста аз маконашон кор мекунем.

Барои маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолияти мо дар Тоҷикистон аз FacebookInstagram ва X дидан намоед.