ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии занону кӯдакони аз минтақаҳои ҷангзада баргашта дастгирӣ мекунанд.

12 Апрел 2024
people sitting in a room
UNICEF/Tajikistan/2024

Душанбе, 12 апрели соли 2024 - Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамгироии кӯдакон ва модарони онҳоро, ки аз минтақаҳои ҷангзада баргаштаанд, дастгирӣ мекунанд. Ин мавзӯъ  дар рафти мизи мудаввар ташкилнамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Мавзӯи асосии мизи мудаввар баррасии пешрафту дастовардҳо дар самти иҷрои Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва ба ҷои кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда иборат аст. Ин барномаи фарогир, ки давраи солҳои 2023-2027 ва марҳилаи аввали он солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 481 аз 27 сентябри соли 2023) тасдиқ шудааст.

"Масъулияти дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаҷониба барои дастгирии раванди ҳамгироии кӯдакон ва модарони онҳо ба дӯши вазорату идораҳои гуногун вогузор шудааст, зеро он дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва ба ҷои кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда пешбинӣ шудааст. Бисёре аз чорабиниҳо дар доираи Нақшаи амал аллакай дар давоми соли 2023 анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон, гузоришҳои кормандони иҷтимоӣ, ки ба ин оилаҳо кӯмак мерасонанд, нишон медиҳанд, ки баъзе мушкилот дар ин самт то ҳануз боқӣ монда, ҳалли саривақтии онҳо зарур дониста мешавад" - гуфт ҷаноби Шодихон Ҷамшед, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муҳокимаҳое, ки дар рафти мизи мудаввар баррасӣ шуданд, ба таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозӣ ва густариши фаъолиятҳо ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои пешбинишуда дар ин самт равона карда шуданд. Дар мизи мудаввар беш аз 40 нафар намояндагони вазорату идораҳои гуногун, ки барои татбиқи барнома масъуланд, ҳузур доштанд. Ин намояндагон баромад намуда, дар бораи фаъолиятҳои анҷомшуда ва дастгирии кӯдакону заноне, ки аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргаштаанд, равшанӣ андохтанд.

"Ҳамгироии иҷтимоии кӯдакони ба ватан баргардондашуда ҳамокориро дар саҳти миллӣ ва сатҳи маҳал, ҷомеаи сатҳи маҳал ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои муфид ҳам барои шахсони ба ватан баргардондашуда ва ҳам ҷомеаи маҳаллии онҳо тақозо менамояд. Бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар самти дастгирии ин оилаҳо ва ташаккули ҳисси қавитари умедворкунанда ба оянда мо метавонем ба натиҷаҳои мушаххас ноил гардем.” – таъкид кард Денис Молика, роҳбари барномаи бахши тандурустии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Тавассути ин талошҳои муштарак Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳадаф мегузоранд, ки шароити мусоидро, ки некӯаҳволӣ ва ҳамгироии муваффақи кӯдакон ва занони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргаштаро ташвиқ менамоянд, фароҳам оваранд.

"Дастгирии кӯдакон ва тавондмандсозии модарони онҳо, ки аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргаштаанд, дар таъмини ҳамгироии бомуваффақияти иҷтимоии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Бо пешниҳоди хизматрасониҳои ҳамаҷонибаи ҳифзи кӯдакон, кӯмаки равонию иҷтимоӣ, осон кардани дастрасӣ ба имкониятҳои шуғл ва густариши роҳҳои таҳсил, мо метавонем кӯдаконро дар самти расидан ба мақсадҳои худ дастгирӣ кунем. Фароҳам овардани муҳити мусоид, ки ба кӯдакон барои ба воя расонанд, таҳсил кардан ва муваффақ шудан мусоидат мекунад, зарур дониста мешавад." - қайд кард Эри Двиведи, муовини Роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон. 

Фаъолияти мазкур тавассути лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва СММ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои шаҳрвандони худ, ки аз минтақаҳои ҷангзада баргаштаанд» гузаронида шуда, аз ҷониби ЮНИСЕФ амалӣ карда шуда, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи лоиҳа амалӣ намудани як қатор фаъолиятҳое мебошад, ки ба дастгирии ҳамгироӣ дар асоси ҳуқуқи кӯдак ва инсон, ба синну соли мувофиқ ва аз нигоҳи гендерӣ ҳассос мусоидат мекунанд. Ин кумак ба кӯдакон ва модароне равона шудааст, ки аз минтақаҳои амалиётҳои ҷангӣ ба ватан баргардонда шудаанд. 

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: ddodojonov@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ ҳуқуқҳо ва некӯаҳволии ҳар як кӯдакро ташвиқ менамояд; дар ҳамаи фаъолиятҳое ки мо амалӣ менамоем. Дар якҷоягӣ бо шарикони ҳамкори худ мо дар 190 давлат ва қаламрави дунё барои татбиқ намудани ӯҳдадориҳои худ дар амал бо таваҷҷӯҳи махсус ба фарогирии кӯдакони бештар осебпазир ва аз ҳошия берунмонда, барои манфиатҳои ҳамаи кӯдакон ва дар ҳама ҷо фаъолият мебарем. ЮНИСЕФ аз соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебарад. 

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолиятҳои мо дар Тоҷикистон, ба саҳифаи интернетии зерин ташриф оваред: https://www.unicef.org/tajikistan/ 

Мо дар шабакаҳои иҷтимои: FacebookInstagram ва Twitter