Ташаббуси муштараки Ҳукумати Швейтсария ва ЮНИСЕФ оид ба дастрасии кӯдакон ба адолати судӣ

15 Март 2024
Juvenile Justice
UNICEF/Tajikistan/2022/M.Ruziev

Душанбе, 15 марти соли 2024– Ҳукумати Швейтсария дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ лоиҳаи нави табдилдиҳандаи «Таъмини дастрасии одилонаи кӯдакон ба адолати судӣ дар Тоҷикистон»-ро оғоз намуд. Ин лоиҳа бо ҳаҷми маблағгузории 1 миллион доллари ИМА як қадами бузурге ба пеш дар талошҳои Тоҷикистон барои густариши низоми адлия ва ҳифзи кӯдакон мебошад.

Сарфи назар аз ислоҳоти сершумори солҳои охир, системаи адлияи кӯдакон равишҳои кӯҳнаеро истифода мебарад, ки ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакон мувофиқат намекунанд. Тоҷикистон дар самти татбиқи чораҳои ғайриҳабсӣ нисбати кӯдаконе, ки бо қонун мухолифат доранд, ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Бо вуҷуди ин, механизмҳои ивази ҷазои ҷиноятӣ бо намудҳои алтернативии чораҳои ислоҳӣ, ки барои барқарор намудани адолат нисбати ҷабрдидагони ҷиноят мусоидат мекунанд ва кӯдаконро аз гирифтани доғи судӣ пешгирӣ кунад, вуҷуд надоранд.

Ҳадафи асосии лоиҳа таҳия ва пешбурди системаи ивази ҷазои ҷиноятӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Барномаи нав қабулшудаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон барои солҳои 2023-27 мебошад. Ҳадафи Барномаи ивази ҷазои ҷиноятӣ барои кӯдаконе, ки бо қонун мухолифат доранд, пешниҳоди роҳҳои ҳалли алтернативӣ ба низоми анъанавии адолати судии ноболиғон мебошад. Таваҷҷӯҳи он ба офиятбахшӣ, таҳсилот ва барқароркунии иштирок дар ҳаёти ҷомеа равона шудааст, на ҷазо.

Ҳадафи лоиҳа ҳамчунин мутобиқати қонунҳо, сиёсатҳо ва амалияҳои Тоҷикистон бо стандартҳои байналмилалӣ барои беҳтар намудани адолати судӣ нисбати кӯдакон мебошад. Ин маърака 100 мактабро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон фаро мегирад, ки ба наврасони зери хатар, мактаббачагон, волидайн ва парасторон, инчунин писарону духтароне, ки бо қонун мухолифат доранд, равона гардидааст.

Лоиҳа устувории кӯдакон ва ҷавононро тақвият медиҳад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки дар муҳити таҳаммулпазир, фарогир, осоишта ва бехатар рушд кунанд. Ҳадафи пешниҳоди малака ва салоҳиятҳои зарӯрӣ ба кӯдакон аз фароҳам овардани имконият ба онҳо барои пурра татбиқ намудани иқтидори худ ва гузоштани саҳми арзанда ҳамчун шаҳрвандони масъулиятнок ва пурсамари ҷомеаҳо ва кишвари худ мебошад. Дар ин ташаббус коршиносони гуногун, аз ҷумла судяҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, кормандони иҷтимоӣ, омӯзгорон ва пешвоёни ҷомеаи маҳаллӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Илова бар ин, ташаббусҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон дар таҳия харитаи кадрҳои мавҷудаи хадамоти иҷтимоии худ ва беҳтар кардани ҳамоҳангӣ байни низоми ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ кӯмак хоҳанд кард. Барнома инчунин малака ва дониши мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адлияро оид ба татбиқи принсипҳои байналмилалии адолати судии барои кӯдакон мусоидро инкишоф медиҳад ва далелҳо барои дастгирии ҷорӣ намудани механизмҳои ивази ҷазои ҷиноятиро фароҳам меорад.

Дар бораи Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Тоҷикистон:

Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкорӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) ба дастгирии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демократӣ, пешбурди равиши ҳамгироӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мураккаби идоракунии обҳои фаромарзӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва пешбурди идоракунии самаранок тамаркуз мекунад.

Барои маълумоти бештар: www.eda.admin.ch/tajikistan 

 

Тамос барои васоити ахбори омма

Далер Додоҷонов
Мутахассис оид ба иртибот
ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Тел: +992939990096
Почтаи электронӣ: ddodojonov@unicef.org

Дар бораи ЮНИСЕФ

ЮНИСЕФ дар тамоми кӯшишҳои мо ҳуқуқ ва некӯаҳволии ҳар як кӯдакро дастгирӣ мекунад. Якҷоя бо шарикони худ, мо дар 190 кишвару қаламрав кор мекунем, то ин ӯҳдадориҳоро ба фаъолияти амалӣ табдил диҳем ва ба фарогирии кӯдакони осебпазир ва ҷудошуда ба манфиати ҳамаи кӯдакони ҷаҳон диққати махсус диҳем. ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз соли 1993 фаъолият мекунад.

Муфассал: https://www.unicef.org/tajikistan/.

Мо дар саҳифаҳои иҷтимои: FacebookInstagram ва Twitter.